Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Роғун маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд
РОҒУН, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 700 нафар сокинону меҳмонон даври шаҳрии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид. Дар он маҳсули ҳунарҳои мардумии халқу миллатҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза Файззода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва бадеҳахонӣ гузаронида шуд.
Ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонони шаҳри Роғун баҳои баланд дода, ба онҳо дипломҳои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» тақдим карда шуданд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






