Дар Хатлон 700 кг маводи дорувории муҳлатгузаштаро нобуд карданд

Август 22, 2017 14:48

ҚӮРҒОНТЕППА, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати роҳбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои безарар гардонидани як миқдор маводи доруворӣ комиссияи махсус таъсис дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти мазкур  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби нобуд кардани дорувор гузаштани муҳлати истифодаашон мебошад. Беморхона барои нобуд намудани 72 номгӯй  ё 13 ҳазору 988 адад дору, ки вазни холисашон 700 кг-ро ташкил медиҳад,  дархост пешниҳод намуд.

Ин миқдор маводи доруворӣ  дар ҳузури комиссияи босалоҳият сӯзонида шуд.

Бояд гуфт, ки рохбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти сари вақт безарар гардонидани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта бо Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд.

 

Август 22, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад