Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и Душанбе нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз тарафи табиби ҷавон Абдушокир Эҳсонов, ки дар Ҳиндустон такмили ихтисос кардааст, гузаронида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи мазкур иттилоъ доданд.
Тавре манбаъ хабар дод, амалиёти ҷарроҳӣ 3 соат идома карда, муваффақона анҷом ёфт. Дар амалиёти ҷарроҳӣ мутахассисон аз Ҳиндустон низ иштирок доштанд.
Бояд зикр намуд, ки аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат, ки савияи дониши хешро дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста такмил медиҳанд, имрӯзҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мураккаб дар дохили мамлакат нишони маҳорату малакаи касбии баланди табибони тоҷик буда, мушкилии беморонро хеле осон гардонидааст. Пештар беморон барои гузаронидани ин гуна ҷарроҳиҳои мураккаб ба хориҷи кишвар сафар мекарданд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






