Дар мусобиқаи шаҳрӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ дастаи Хоруғи боло ғолиб шуд
ХОРУҒ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар ҳузури беш аз 5 ҳазор нафар мухлисони футбол дастаи Хоруғи боло дастаи Поршиневро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохта, мақоми аввалро аз худ кард. Раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода зимни тақдими ҷоиза ба ғолибон изҳор дошт, ки «футбол яке аз писандатарин намудҳои варзиш миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба шумор меравад. Ба ин хотир бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли 2010 варзишгоҳи марказии шаҳр пурра навсозӣ шуд. Қаблан ин варзишгоҳ ҳамагӣ 500 нишастгоҳ дошт, аммо пас аз таҷдид шумораи курсиҳои он ба 5 ҳазор адад расонда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хоруғ бо ширкати Пешвои миллат толори бузурги варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои бунёди он ҳукумати ҷумҳурӣ 17 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кард. Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ имконият пайдо кард, ки оид ба баъзе аз намудҳои варзиш, ба мисли гӯштин, теннис, футболи хурд, волейбол, тӯби дастӣ дар ин толор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳатто минтақавӣ баргузор кунад».
Раиси шаҳр ба ҳамаи мухлисону ҳаводорони футбол барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигар миннатдорӣ баён карда, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






