Дар ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор лоиҳаҳои бо об обтаъминкунӣ татбиқ мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва бо маблағгузории ҷамъияти хайриявӣ ва корҳои башардӯстонаи «Ас-Салом»-и кувайтӣ 5 августи соли 2017 дар деҳаи Гулбоғи ноҳияи Варзоб ва деҳаи Уртабузи ноҳияи Ҳисор бо иштироки намояндаи ҷамъияти мазкур Абдуллоҳ Солиҳ аш-Шойиҷӣ маросими оғози корҳои баровардани оби нӯшокӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамчунин аш-Шойиҷӣ аз ҷараёни сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки дар деҳаи Гулбоғ бо маблағгузории ҷамъияти мазкур сохта мешавад, дидан намуд.
Лоиҳаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҷайҳун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, дар маҷмӯъ барои зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ хидмат мерасонанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






