Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши фаъолияти ҳунарии Абдулхайр Қосимов оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 110-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов дар ошёнаи дувуми Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони «Ахтари тобони тоҷик» ҷараён дорад, ки тамошобинон ва мухлисони ҳунари ин ҳунарманди асил имкон доранд тӯли як моҳ аз он дидан намоянд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш иттилоъ дод, дар он зиёда аз 60 адад мавод марбут ба фаъолияти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов ба маърази тамошо гузошта шуда, 30 акс аз лаҳзаҳои ҳунарнамоӣ дар филмҳо зимни нақшҳои офаридааш, ба монанди нақши Холназар аз «Дил-дили Зайнаб», Ҳошим Лаббай аз «Тӯй», Султонбек аз «Аршин Мололон», Азимшоҳ аз «Дохунда», чойхоначӣ Ниёз аз филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», Юсуф аз филми «Коваи оҳангар» пешниҳоди тамошобин гардидаанд.
Тамошобинон ва мухлисони ҳунари волои ин ҳунарманд метавонанд дар намоиш бо аксҳои Абдулхайр Қосимов, қолинча, портрет, чойник ва пиёлае, ки бо онҳо ҳунарпеша дар филми машҳуру овозадори «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши чойхоначӣ Ниёзро иҷро намудааст, аз наздик ошно гарданд.
Инчунин дар намоиш 25 адад ҳуҷҷатҳои шахсии Абдулхайр Қосимов аз қабили Ифтихорнома, шаҳодатнома, табрикнома, даъватнома ва барқияҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Бояд гуфт, ки Абдулхайр Қосимов аз зумраи ҳунармандонест, ки дар 55 филми ҳунарӣ, 100 спектакли театрҳои касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 100 нақши гуногун офаридааст. Риштаи умри ин ҳунарманди маҳбуб агарчӣ 15 феврали соли 1999 дар шаҳри Душанбе канда шуда бошад ҳам, аммо нақшҳои офарида ва симои ӯ дар дилу дидаи мухлисонаш то абад боқӣ мемонад.


















Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






