Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд

Август 16, 2017 14:39

ДУШАНБЕ, 16.08.2017./АМИТ «Ховар»/. 11-15 августи 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин  дар шаҳри Сочи намоиши маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Сочи Aнатолий Пахомов ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ботантана ифтитоҳ гашт. Дар ин бора маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР хабар дод.

Тавре Раиси шаҳри Сочи  зимни суханронии  худ зикр намуд,  “чунин  тадбирҳо дорои таъсири басо мусбат ба савдои байниминтақавӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар, рушди рақобати солим, тавсеаи бозорҳои нав мебошанд ва ба муоширати байналмилалӣ низ мусоидат менамоянд”.
Ба намоишгоҳи мазкур зиёда аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзии дорои сифати баланди истеҳсолкунандагони тоҷик дастрас карда шуд.
Дар тӯли панҷ рӯз теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан намуда, тавонистанд ба таври ройгон аз тамъи лазизи маҳсулоти Тоҷикистон баҳраманд шаванд ва бо нархи хеле дастрас аз навъҳои зиёди ангур, харбуза, шафтолу, себу нок, зардолу ва мағзу хушкмеваҳои гуногун харидорӣ намоянд.
Бо дарназардошти дархостҳои сершумори сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи муҳлати баргузории сеюмин намоишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз ба ду рӯзи дигар тамдид карда шуд.

Август 16, 2017 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд