Дар вилояти Суғд Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешаванд
ХОРУҒ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ шоирону нависандагон, роҳбарони гурӯҳҳои фолклорию этнографӣ, бофандагону косибон ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро, ки аз 21 то 26 август дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят гуфт, ки «соли гузашта бештар аз 300 нафар сокинони вилояти Суғд ба Бадахшон омада буданд ва ҳамаи онҳо дар хонаҳои сокинони маҳаллӣ ба муддати як ҳафта иқомат карда, ба чашмаҳои шифобахш, қалъаҳои бостонӣ ва мавзеъҳои таърихии ин диёр сафар намуданд. Акнун бо даъвати бародарону хоҳарони суғдӣ зиёда аз 800 нафар бадахшониён 20 август озими сафари вилояти Суғд мешаванд ва давоми як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанду Истаравшан ва Исфара сайру саёҳат ва истироҳат мекунанд».
Ҳамзамон дар доираи ин рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои хоси тоҷикони кӯҳистон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ансамблҳои рақсӣ, созию овозӣ ва фолклорию этнографӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб дар боғи фарҳангӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






