Дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби «Ҷоми шаҳрдорӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳо тайи як моҳ барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» мусобиқаи футболи хурд ҷараён гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар интиҳои мусобиқа ғолибони футболи хурд муайян гардида, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷойи аввал гашта, Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тиллоро ба даст овард. Ҳамчунин беҳтарин бозингарон бо диплом ва ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани соҳаи варзиш, солимии ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни сокинони пойтахт ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуда, дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона иштирок менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






