“ЭЙ БУЛБУЛАКОНИ БОҒИ ДОНИШ…”. Дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб мераванд
ХУҶАНД, 30.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар кишвар 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил шуда, бо садо додани занги аввал оғози соли нави хониш эълон мегардад. Ва боз шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» баланд ва мутантан садо медиҳад:
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи Суғд иттилоъ доданд, соли равон дар Рӯзи дониш дар ҳамаи мактабҳои вилоят соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз ёфта, дар ин рӯз 924 муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи 499 ҳазор нафар толибилмон, ки аз онҳо зиёда аз 62 ҳазор нафарашон хонандагони синфи як мебошанду бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд, боз менамоянд. Ва 35 ҳазор нафар омӯзгорон ин дӯстрӯяконро ба ҷараёни таълим фаро мегиранд.
Ҳамчунин тибқи маълумоти масъулин аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯз 48 адад мактаби таҳсилоти умумии шаҳр беш аз 4,5 ҳазор толибилмони синфи якро ба мактаб қабул хоҳанд кард. То имрӯз дар ҳамаи мактабҳои шаҳр корҳои таъмиру таҷдид ба охир расида, синфхонаҳо бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Падидаи наве, ки дар соли хониши ҷорӣ сокинону мактаббачагони Хуҷандро интизор аст, ин моҳи ноябр дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар микроноҳияи 8-уми маҳаллаи Темурмалик ифтитоҳ ёфтани боз як мактаби замонавӣ – Муассисаи давлатии мактаби инноватсионӣ барои хонандагони болаёқат бо фарогирии 1280 нафар хонанда мебошад. Ҳоло дар мактаби мазкур корҳои омодагӣ барои оғози соли хониш ва қабули хонандагон ҷараён доранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






