Эмомалӣ Раҳмон: «Идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимиву фарҳангии мо нест»

Август 9, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 9.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз чанд рӯзи дигар Иди саиди Қурбон, ки аз ҷумлаи маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, фаро мерасад. Ҳангоми ба ҷо овардани маносик ва анъанаҳои ид як нуктаи муҳимро  фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон баён гардид.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки касоне, ки имконияти зарурӣ надоранд, бо изҳори муносибати нарму инсонӣ ва одобу ахлоқи намунавӣ аз савобу баракати ин ид баҳравар мешаванд. Ҳангоми баргузории иди Қурбон расонидани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст.

«Масъалаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан асоси таълимоти дини мубини ислом, ҳадисҳои пайғамбари Худо ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳад. Тибқи ин гуфтаҳо қурбонӣ кардан ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки имконияти моддии зиёд надоранд, серфарзанд ҳастанд ва масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма доранд, шарт нест»,- тавзеҳ доданд Пешвои миллат.

Зикр карда шуд, ки шахсони дорову тавонгар, яъне онҳое, ки имконияти молиявии кофӣ доранд, бояд садақаи қурбонии худро маҳз ба чунин оилаҳо, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо диҳанд.

Президенти мамлакат вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «ҳангоми омодагӣ ба ид ва оростани дастархони идона ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ набояд дод. Дар хотир бояд дошт,  ки идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо  нест».

 

Август 9, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад