Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст»
ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.
Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд.
«Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст»,-зикр намуданд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардидаанд ва онҳо доир ба ҳар як мавзӯи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.
«Аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд. Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиқлолият мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд»,- баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст. Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






