Эмомалӣ Раҳмон: «Падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд»

Август 9, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 9.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон баён намуданд, ки солҳои охир бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо китобҳои дарсӣ, лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Танҳо дар се соли охир барои хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 2000 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Ба иттилои Пешвои миллат, агар соли 2012 ба соҳаи маорифи ноҳияи Хуросон 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда  дар соли равон  ба 30 миллион  сомонӣ расидааст.

«Дар ноҳия то соли 2015-ум 19 муассисаи таълимӣ бо 5800 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ ва танҳо соли гузашта 4 бинои муассисаи таълимӣ барои 1450 нафар хонанда ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии  ноҳияи Хуросон барои  солҳои 2016-2020 ва Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 бунёду навсозии 24 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст»,-иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки  Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон вазифадоранд барои зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, хусусан омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ чораҷӯӣ намоянд. Чунки сатҳу сифати таълим дар ҳар ду ноҳия ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд.

«Мутаассифона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кам ташвиқ гардида, волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд»,- илова намуданд Пешвои миллат.

Август 9, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд