Фарзандони бинокорону омӯзгорон дар лагери тобистона ройгон истироҳат мекунанд

Август 9, 2017 17:13

ХОРУҒ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шӯрои иттифоқи касабаи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  85  нафар  кӯдакону наврасон аз оилаҳои бинокорону омӯзгорон барои истироҳат ба лагери «Саодат»- и деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон фиристода шуданд. Сардори Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба Марзия Некпаева гуфт, ки «ин кӯдакону наврасон дар муддати даҳ рӯз истироҳат мекунанд  ва ҳам  мувофиқи шавқу завқашон ба давраҳои омӯзишӣ ва намудҳои гуногуни варзишӣ ҷалб карда мешаванд.  Сардорони гурӯҳҳоро аз байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар  интихоб кардем ва бештари онҳо дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои русию англисӣ озодона суҳбат мекунанд. Ҳамарӯза дар чаҳорчӯби барномаи вижаи ахлоқию тарбиявӣ ба кӯдакону наврасон тарзи муоширату муносибат бо калонсолон, рафтору гуфтор дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ омӯзонида мешавад. Ногуфта намонад, ки ҳангоми дарсҳо ба кӯдакону наврасон низ имконият дода мешавад, ки дар доираи мавзӯъ фикру ақидаи худро баён намоянд».

«Саодат» калонтарини лагери вилоят ба шумор рафта, дар як баст то 150 нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад. Ин лагер дар аввали солҳои шастум таъсис ёфта, баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чандин сол бекор монд. Бо кумаку дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва хадамоти маорифи Бунёди Оғохон он дубора фаъол гардида, хобгоҳу ошхона ва синфхонаҳои он навсозӣ шуданд.

 

 

Август 9, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад