Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт

Август 17, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 17.08.2017. /АМИТ «Ховар»/  Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мақсад аз таъсиси филармония- таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавон, раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон ва таҳсилоти бадеӣ-эстетикии онҳо, татбиқи имкониятҳои эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, он минбаъд барои рушду ташаккули коллективҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам меоварад.

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил меёбад.

Август 17, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд