Гумрукчиёни Душанбе миқдори зиёди арақи худсохтро ошкор карданд

Август 2, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд П. А., соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир гардид.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, шаҳрванд П. А. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва фиреб намудани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот 10 қуттӣ машруботи спиртии тамғаи «Шоҳона», навъи «Хлебная»-ро ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад бо ғунҷоиши як адад шиша 0,5 литр, ки бо тариқи худсохт тайёр шуда буданд, аз манзили муваққатии истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ТJ 25-66 СР 01 ҷойгир намуда, ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.
Шаҳрванд П. А. арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная»  — ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум»-ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузорӣ намудааст.
Тибқи мактуби ҶДММ «Шоҳона» арзиши 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Платинум» бо ғунҷоиши 0,5 литр 25 сомонӣ ва 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» бо ғунҷоиши 0,5 литр 15 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳанд, ки ба таври худсоз бидуни технологияҳои истеҳсолӣ сохта шудаанд ва ба ҶДММ «Шоҳона» дахл надоранд.
Мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши физикӣ-кимиёвии намунаҳои арақҳои тамғаҳои «Шоҳона Платинум», «Шоҳона Хлебная» ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии арақҳо ва арақҳои махсуси «Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест.
Мувофиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти озмоишшуда, аз рӯи нишондодҳои намуди зоҳирӣ, қувватнокӣ ва дараҷаи ғизлати алдегит ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ мутобиқ набуда, истеъмоли чунин маҳсулот ба саломатӣ зарар дорад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд П. А. ва дигарон бо моддаҳои 209, қисми 1 ва моддаи 294, қисми 2 – и  банди «а» ва «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Август 2, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад