«ХУШ ОМАДЕД, МЕҲМОНОНИ БАДАХШОН!” Дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ оғоз гардид

Август 22, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 21 август иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ- ро сокинони ноҳияи Айнӣ зери садои карнаю сурнай бо нону асал гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Меҳмонони бадахшонӣ дар назди муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» манзури иштирокдорон карда шуд.        Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ беш аз 800 нафар меҳмонони ВМКБ дар ҳайати чор гурӯҳ аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карданд.

Тибқи барномаи ҳафтаи фарҳангӣ имрӯз, 22 август, меҳмонони ВМКБ дар шаҳри Хуҷанд аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дугонаҳо» боздид менамоянд.

Гурӯҳи дуюми меҳмонон, ки дар шаҳри Панҷакент қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон иштирок намуда, дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент намоиши театриро пешниҳоди сокинони Панҷакент менамоянд. Ҳамзамон дар назар аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳурияӣ-таърихӣ ва кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, дар маҳфили адибон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳр ва барномаи фарҳангӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иштирок намоянд.

2 1 27

Август 22, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад