Ҷилавгирӣ аз қочоқи 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy» дар шимоли Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон аз интиқоли 553 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy» дар шимоли Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд, ки тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 553 адад телефони мобилӣ зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар роҳи мошингарди «Конибодом –Хуҷанд» аз бордони воситаи нақлиёти тамғаи «Опел- Зефира», рақами қайди давлатиаш 05 77 СС 02 дарёфт ва мусодира гардид. Гуфта мешавад, ки моли мазкур ба шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Р.Ф. мутааллиқ аст. Мавсуф 553 адад телефони мобилиро, ки арзиши умумияшон беш аз 935 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Қанибек ном шахс харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ бо роҳи қоҷок ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Нисбат ба шаҳрванд Р.Ф. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






