Имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо борон дар назар аст

Август 25, 2017 09:29

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 25 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ карда шуда, ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 12-14 ва рӯзона  34-36 дараҷа гарм мешавад.

 

Август 25, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад