Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон гармӣ ба 40 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 7.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 7 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд шабона 18-23 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 19-20 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






