Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 17 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар то 2 дараҷа паст мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-4 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 28-33 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






