«Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ»-аз дидани осорхона то дуюмин маърӯзаи ҷашнӣ
ДУШАНБЕ, 29.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дуюмин маърӯзаи ҷашнӣ дар мавзӯи «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Институти мазкур хабар доданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, қабл аз оғози маърӯзаи ҷашнӣ меҳмонон ва ҳозирин аз Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Баъдан, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ мардуми Ҳиндустон ва халқи тоҷикро ба муносибати 25-умин солгарди равобити ҳасанаи тоҷику ҳинд шодбош гуфт. Ў иброз дошт, ки воқеан дар қатори он мамлакатҳое, ки алоқаҳои ҳамаҷониба бо онҳо барои рушду густариши ояндаи кишвари Тоҷикистон аҳамият доранд, мақоми Ҳиндустон бисёр назаррас аст.
«Ин кишвари ба мо дӯст аз рӯзҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон ҷонибдории худро нисбат ба рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон иброз намуд. Байни ин ду кишвар умумиятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо ҳамчун омили манфиатҳои муштарак хизмат мекунанд. Махсусан, умумиятҳои нажодӣ, таърихӣ ва илмию фарҳангӣ аз назари ҳамкории ду кишвар хеле муҳим мебошанд»,-афзуд Ёрмаҳмад Ниёзӣ.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош зикр кард, ки «муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимианд, дар давоми солҳои зиёд ташрифҳои мунтазами роҳбарони давлатҳо ба густариш додани ин робитаҳо мусоидати бештар мекунанд».
P.S. 1 сентябри соли 2017 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Консерти мусиқии вокалии классикии ҳиндӣ дар иҷрои ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон хонум Ручира Панда ва ансамбли ӯ доир мегардад. Консерт ба 70-солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистогну Ҳиндустон бахшида мешавад. Оғози консерт – соати 18:30.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






