Интишори резаҳикояи нависандаи тоҷик миёни зиёда аз 50 нависандаи дунё дар Германия

Август 16, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Германия бо ташаббуси адибон ва ноширон Алида Бремер ва Майкл Крюгер китоби баргузидаи резаҳикояҳои нависандагони зиёда аз 50 давлати дунё дар шакли чопӣ ва электронӣ таҳти унвони «Нурҳои бобарор» ба забони немисӣ интишор ёфт, ки дар он резаҳикояи нависандаи тоҷик низ ҷо шудааст.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба китоб собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия  доктор Фрэнк Валтер Штайнмайер (ҳоло Президенти ин кишвар) сарсухан навиштааст.

Дар зумраи навиштаҳои адибони кишварҳои гуногун Тоҷикистонро бо резаҳикояи нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор бо номи «Падар ва фарзандони ў» муаррифӣ кардаанд.

Ба зикри манбаъ, китоби мазкур минбаъд ба забонҳои дигари аврупоӣ низ тарҷума ва чоп мешавад.

 

Август 16, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад