КИТОБ – САРЧАШМАИ ИТТИЛООТ. Китобдорони донишгоҳу муассисаҳо бозомӯзӣ мекунанд

Август 1, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии таҷрибаомӯзии китобдорон пайваста бо донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, коллеҷу муаассисаҳои фарҳангӣ, ҳамзамон бо китобхонаҳои  шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳамкории зич ба роҳ монда, дар самти табодули таҷрибаи донишҷӯёну мутахассисони соҳа пайваста курсҳои бозомӯзӣ мегузаронад.
Чанде пеш панҷ нафар кормандони  китобхонаи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ  Шоҳтемур ва ду нафар кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии хонандагон дар муддати 10 рӯз давраи омӯзишӣ гузарониданд. Тавассути он иштирокдорон аз курси бозомӯзии «Фаъолияти китобдорӣ»  бархурдор гардиданд.
Зимни курси бозомӯзӣ шунавандаҳо тавассути лексия, шиносоӣ, вохӯриҳо бо масъулин ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи Китобхонаи миллӣ бо дастовардҳои соҳаи  китобдорӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон аз наздик воқиф гардиданд. Дар давоми 10 рӯзи баргузории курси бозомӯзӣ шунавандагон имкон пайдо карданд, ки аз таърих ва сохтори Китобхона, дастгоҳи маълумотдиҳандаи китоб ва тавлиди он, тарзи интихоби китоб ва иттилоот маълумот ба даст оранд ва аз таҷрибаи онҳо баҳрабардорӣ намоянд. Ҳамзамон дар бахши дигар оид ба истифодаи дастурҳои методӣ, библиографӣ дар пажӯҳиш ва интихоби адабиёт, иттилоот, таҳияи рӯйхати адабиёт, унсурҳо ва аломатҳои тасвир, таҳияи шарҳ ва мухтасари мазмуни китоб ё иттилоот, ташкили хазинаи китобхона, хазина ва сарчашмаҳои  иттилоотии  ҷудогона  дар китобхона ва вазифаҳои он, созмон додани  марказҳо ва хазинаҳои электронӣ дар китобхона, технологияҳои  иттилоотӣ, асосҳои коргузорӣ дар  китобхона ва ташаккули фарҳанги иттилооти  китобдорон маълумоти пурра ба даст оварданд.
Дар ҷамъбасти  курси бозомӯзӣ аз ҷониби  масъулини  Китобхонаи миллӣ ба ҳар як шунаванда  Сертификати тахассусии Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Август 1, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад