Куҳантарин кӯдакистони шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад

Август 12, 2017 11:17

ХОРУҒ, 12.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони рақами якуми шаҳри Хоруғ аз нав бунёд мегардад. Директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо» Атоназар Давлатназаров, ки бунёди бинои ин кӯдакистонро бар дӯш дорад, баён дошт, ки «ин бино аз се ошёна иборат аст ва ҳоло корҳои сохтмониро дар таҳхона ба анҷом расонидем. Рӯзҳои наздик сохтмони девори ошёнаи аввалро низ ба охир  мерасонем. Дар масъалаи маблағ ва масолеҳи сохтмонӣ ягон мушкилӣ надорем».

Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он ошхона, утоқҳои таълимӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳо барои бозиҳои варзишию фарҳангӣ ва утоқ барои сардорони гурӯҳҳо мавҷуд аст. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Абдулвоҳид Амонбеков гуфт, ки бинои кӯҳна дар аввали солҳои шастум ҳамагӣ барои каме бештар аз 80 нафар кӯдакон сохта шуда буд ва утоқу ҳуҷраҳояш низ масоҳати чандон калон надоштанд. Бо зиёд шудани аҳолии шаҳр талабот ва теъдоди табриягирандагони ин кӯдакистон низ рӯ ба афзоиш ниҳода, айни замон дар 9 гурӯҳ зиёда 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ин бино соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

 

Август 12, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад