КВД «Тоҷиксуғурта»: «Суғурта кардани мактаббачагон ихтиёрӣ аст»
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро бо ду шакли суғурта амалӣ мегардонад, ки он суғуртаи ихтиёрӣ ва суғуртаи ҳатмӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев баён намуд.
Ба иттилои номбурда, имрӯз Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.
Ҳамчунин Абдулло Абдуллоев дар мавриди маҷбуран ба суғурта фаро гирифтани мактаббачагон иброз намуд, ки «Тоҷиксуғурта» фаъолияти суғуртавии худро тариқи филиалҳои худ ва намояндагиҳо ба роҳ мондааст. Суғурта кардани мактаббачагон ихтиёрӣ буда, дар ягон филиали КВД «Тоҷиксуғурта» маҷбуран суғурта кардан ба қайд гирифта нашудааст.
«Кормандони «Тоҷиксуғурта» корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намудаанд. Тавре маълум аст, дар фасли зимистон бар асари боришоти сахт ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. Аз ин рӯ ба хотири барқарор намудани зарар мо ба мактабҳо муроҷиат мекунем, ки суғурта кунанд. То имрӯз ягон нафар оид ба маҷбуран суғурта шудан ба мо шикоят накардааст»,- гуфт муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






