ЛИБОСИ МАКТАБӢ: Мактабҳои шаҳри Ваҳдат бо коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна», «Майрам» ва «Олимхони хуҷандӣ» шартнома ба имзо расониданд
ВАҲДАТ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 137 адад муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон бо коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна», «Майрам» ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» шартномаи тарафайн ба имзо расониданд. Тибқи иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Ваҳдат Маҳмадбек Заробеков, дар асоси ин шартномаҳо аз ҷониби ин коргоҳҳои дӯзндагӣ дар соли 2017 36 ҳазору 600 адад либоси мактабӣ дӯхта мешавад, ки нисбат ба соли 2016 8600 адад зиёд буда, таъмини либос 53,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумоти «Равзанаи ягона»-и Нозироти андози шаҳри Ваҳдат, шумораи корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дар шаҳр 6 ададро ташкил дода, 28 нафар соҳибкорон тариқи патент ва шаҳодатнома ба кори дӯзандагӣ машғул мебошанд. Дар коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна» ва «Майрам» 55 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Масъулини Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат зикр намуданд, ки барои сари вақт таъмин намудани мактаббачагон бо либос ва лавозимоти мактабӣ бо ҷалби соҳибкорон дар бозорҳои маркази ноҳия ярмаркаи доимӣ ташкил карда шудааст.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






