Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсози Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Аламшозода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишофи ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
«Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкории дуҷониба як зумра таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






