Маркази миллии қонунгузорӣ ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ додааст

Август 2, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф намудани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 400 пешниҳодро дарбар мегирад.
Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории  /ММҚ/ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 август дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки «ММҚ  муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯъҳои «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими ҳуқуқии электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ мемонад. Он фарогири проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории маданӣ, соҳибкорӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, гумрук, бонк, буҷет, байналмилалӣ, электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад».
Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода зикр кард, ки баҳри амалӣ намудани талаботи мавзӯи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2017 аз ҷониби кормандони Марказ китобу тафсирҳои «Ҳукуқи Тоҷикистони муосир», қисми 4, монографияи «Правовой режим объектов гражданских прав в интернете», тафсири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ» «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи иттилоот»,  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расиданд.
Инчунин 80 мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун  дарҷ гардида, шумораҳои 1 ва 2 –и маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ- «Қонунгузорӣ» ба нашр расиданд.

Август 2, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад