МАВСИМИ ИСТИРОҲАТ ДАР “АВҶ” ДАР АВҶ АСТ: чашмаҳои шифобахши ВМКБ торафт бештар таваҷҷуҳи одамонро ҷалб менамоянд
ХОРУҒ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз боду ҳавои мусоиди имсола дар осоишгоҳи «Гармчашма»-и ноҳияи Ишкошим имрӯзҳо сокинони зиёдеро аз дохил ва беруни кишвар дидан мумкин аст. Иддае аз онҳо барои истироҳату дамгирӣ ва гурӯҳи дигар барои муолиҷа ба ин осоишгоҳ омадаанд. Табиб ва олими тоҷик Ширинбек Давлатмамадов, ки чандин сол боз ба омӯзиши хусусиятҳои шифобахши чашмаҳо машғул аст ва дар ҳамкорӣ бо дигар ҳамкасбони худ ду асари илмӣ ба табъ расондааст, дар робита ба ин мавзӯъ чунин изҳори назар кард: «Шароити табобат ва истироҳат дар ин осоишгоҳҳо бамаротиб беҳтар шудааст. Қабл аз даврони истиқлолияти давлатӣ дар ин осоишгоҳ ду бинои чӯбини назарногир мавҷуд буд ва ҳавзҳо низ болопӯш надоштанд. Аз ин рӯ бо фаро расидани фасли тирамоҳ оббозӣ дар чашма ғайриимкон мегашт. Аммо имрӯз симои осоишгоҳи «Гармчашма» куллан тағйир ёфтааст. Меҳмонхонаи сеошёнаи хуштарҳу зебои муосир, хонаҳои чӯбини русӣ, ҳавзҳои кушоду пӯшида, қаҳвахонаву ошхонаҳои миллию аврупоӣ ба мизоҷон имконият медиҳанд, ки вақти худро хуш ва пурсамар гузаронанд».
Мутобиқи тадқиқоти мутахассисон, дар ҳудуди ВМКБ 72 адад чашмаҳои шифоии гарму сард мавҷуданд, ки то имрӯз танҳо хусусияти табобатии 57 ададашон муайян шудааст. Чашмаҳои шифобахши «Авҷ», «Бибӣ Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим, «Кӯк»-и ноҳияи Роштқалъа, «Шашдеба»-и ноҳияи Мурғоб ва обҳои геотермалии мавзеи Ҷелондеҳ дар миёни сокинони кишвар маъруфияти бештар доранд. Ба қавли мутахассисон, ин чашмаҳо бо баъзе хосиятҳои табобатии худ аз обҳои дармонбахши Қафқоз фарқи кам доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






