Меҳмонони Бадахшон дар Хуҷанд ба дидорбинии собиқ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва шоира Фарзона рафтанд
ДУШАНБЕ, 25.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст ба дидорбинии собиқадори меҳнат, ходими сиёсӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов рафтанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тавре роҳбари хадамоти матбуоти раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева иброз намуд, Шодихон Ҷамшед дар меҳмонии собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми ӯ дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки Оқил Оқилов дар амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда гузоштааст.
Чун нишони эҳтироми мардуми Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳайати меҳмонони бадахшонӣ ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар радифи зикри хизматҳои бузурги Фарзона дар ташаккули шеъру адабиёт, таъкид шуд, ки Фарзона аз зумраи шоирони муосири соҳибдевони тоҷикест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам шуҳратёр гардидааст.
Дар ин дидорбиниҳо ҳайти ВМКБ-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳӣ намуд.









Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






