Минбаъд дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии шаҳри Душанбе дарсҳо соати 8:00 шуруъ мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин қарор дирӯз дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соати 8:00 оғоз намудани машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе» қабул гардид, ки дар асоси он минбаъд реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо соати 8:00 шурўъ мегарданд.
Инчунин зикр гардид, ки бо назардошти камшавии танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе аз соати 8:00 оғоз карда мешаванд. Бояд гуфт, ки машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир боқӣ мондаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки як сол қабл бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 7:30 оғоз меёфтанд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






