Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян

Август 31, 2017 12:45

ДУШАНБЕ, 31.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмуи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давоми солҳои барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ҳарду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ин ҳамкориҳо таъсис дода шудаанд.

Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид гардид.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии палумонҳои ду давлат дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Август 31, 2017 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд