Муовини директори Литсейи касбӣ-техникии Файзобод бо гумони гирифтани пора дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти муовини директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод бо гумони гирифтани пора хабар дод.
Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, муовини директори Литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Файзобод Абдукарим Рабиев аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани диплом ва шаҳодатномаи хатми курси ронандагии Литсейи мазкур 4700 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ Абдукарим Рабиев ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 4700 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои Агентӣ, нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 32, қисми 3, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






