«Нақши инфрасохтори сайёҳӣ дар рушди соҳа»-марҳилаи дуюми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзӯи «Нақши инфрасохтори сайёҳӣ дар рушди соҳа» бо иштироки роҳбарони меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи муколама аз ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани хизматрасонӣ ба онҳо, муайян намудани монеаву мушкилот дар ин самт ва бартараф намудани онҳо, тарбияи мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ барои ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа иборат буд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки имрӯз талаботи шаҳрвандони дохилию хориҷӣ барои боздид аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Барои таҳияи хатсайрҳои сайёҳии нав ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии сайёҳони дохилию хориҷӣ, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта, аз қабили шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, иншооти фарҳангию фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва нақлиёти дохилӣ, хизматрасонии замонавии алоқа ва бонкӣ таъсири муҳим мерасонад.
Имрӯзҳо ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани инфрасохтори миллии сайёҳӣ ва заминаи моддию техникии мавҷуда, зиёд намудани миқдори меҳмонхонаҳои дараҷаи миёнаи дорои сатҳи муосири истироҳат дар минтақаҳо, инчунин ҷиҳати мувофиқкунонии нарх ва сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои амалкунанда ва иншооти қабул масъулини соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бо ин мақсад Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ масъулини иншооти қабулу хизматрасониро даъват намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтори сайёҳиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.
Дар муколама аз ҷумла фароҳам овардани нархи мусоид ба ширкатҳои сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон ба меҳмонхонаҳо, баланд бардоштани сифати муоширати кормандони меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳову истироҳатгоҳҳо бо сайёҳони хориҷӣ (донистани забони хориҷӣ, либоси ягона), ҳангоми қабули меҳмонон пешниҳоди нархҳо бо асъори миллӣ, ташкили гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ, дар долони меҳмонхона бо ҷойгир намудани маводи маҳсулоти ширкатҳои сайёҳӣ, баҳогузории меҳмонхонаҳои миллӣ (бо категорияи ситора), пайвасти линки сомонаи сайёҳии кишвар бо сомонаҳои меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ, баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони меҳмонхонаҳо,мусоидат ба меҳмонхонаҳо барои гирифтани иҷозати бақайдгирии сайёҳони хориҷӣ дар меҳмонхона (ОВИР), ба инобат гирифтани ҳуҷраи алтернативӣ барои сайёҳони буҷетӣ, ороиш ва истифодаи маҳсулоти миллӣ дар утоқҳои меҳмонхонаҳо баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






