Нахустнамоиши «Тангно» моҳи сентябр баргузор мешавад

Август 14, 2017 14:31

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нахустнамоиши филми нави  «Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо номи «Тангно» моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нахустнамоиши ин филм 4 сентябр дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Филми «Тангно» 4-5 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад

Аз 11 то 18 сентябр  филми «Тангно» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд,  аз 12 сентябр то 13 октябр дар шаҳри Конибодом ва аз 14 то 30 сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент пешкаши ҳаводорони филмҳои ватанӣ хоҳад шуд.

Тавре  иттилоъ дода шуд, филм аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ва  коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия ва пешниҳод шудааст. Продюссери филм Дилошӯб Орифзода буда, он дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар давоми 96 рӯз сабт гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос намуда, аз мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад ва нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридааст.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, нақшҳои асосиро дар филм Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова бозидаанд.

Бояд гуфт, ки дар филми «Тангно» чеҳраҳои нав  муаррифӣ шудаанд, ки тариқи кастинг ба синамо роҳ ёфтаанд.

Дар филм беш аз 10 нафар кӯдакони  аз 4 то 13- сола низ  нақш бозидаанд.

Август 14, 2017 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд