Неъматулло Ҳикматуллозода: «Новобаста аз вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври муътадил рушд ёфт»
ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуданд. Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 1 август дар вазорат баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки аз лоиҳаҳои пешниҳодгардида 6 лоиҳа қабул гардида, 11 лоиҳаи дигар дар баррасии Ҳукумат ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
«Ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» таҳия ва қабул гардид», -гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода. Мавсуф илова намуд, ки дар доираи фаъолияти Гурўҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардид, ки дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
«Дар нимсолаи аввали соли равон новобаста аз вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муътадил рушд ёфт»,-баён дошт Неъматулло Ҳикматуллозода.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






