Нисбат ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардид

Август 29, 2017 14:24

ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи дар шабакаи интернет таҳти унвони «Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест»-ро, ки аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нисбат ба  як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки баъзе кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА дар қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбачаҳои БДА-и мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Дарвоз ба камбудиҳо ва қонуншиканӣ роҳ додаанд.

«Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017 нисбат  ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.

Август 29, 2017 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!