ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш хоҷагони хешро ошкор намуданд

Август 14, 2017 17:14

ФАЙЗОБОД, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи доир кардани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнок- Абдуллоев Рустам Гурезович, Ашрапов Тағоймурод Сироҷович ва Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевичро муайян ва дастгир намуданд. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва сармоягузории  «хоҷагон»-и  хориҷиашон дар охири солҳои навадум зиёда аз 13 нафар чеҳраҳои саршиноси тоҷик ва 20 афсари қисми ҳарбии Дивизияи 201-уми Россияро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд.

Сокинони ноҳияи Файзобод ин амалҳои ҷинояткоронаи аъзои ҳизби наҳзати исломии террористиро маҳкум намуда, аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал меоранд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, Тоҷикистонро  аз чунин ҷинояткорону хоҷагонашон ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд.
Мудири  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод Ҷунайдулло Каримов дар робита ба ин амали нангин гуфт: «Аз нигоҳи мантиқ  амалҳои террористии  ин гурӯҳи  ҷиноятпеша бо хоҷагонашон хилофи ҳама гуна пиндори нек  ва хиради азалии инсонӣ буда, ба хеҷ  ваҷҳ қобили дарк ва бахшиш нест. Зеро амале, ки  ба халалдор намудани  фазои ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷомеа нигаронида шудаву пайомади он  ба ҷуз ҳалокати одамони бегуноҳ чизи дигаре нест, танҳо аз ҷониби афроди ғаразпеша, бадният ва моҷароҷӯву даҳшатафкан содир мешавад. Хушбахтона, таърих бори дигар  дар оинаи худ симои дӯсту душманони миллати  тоҷикро  маълум намуд. Ҷавонони баномуси тоҷик бояд нагузоранд, ки хоинон ниятҳои  муғризонаи худро барои ноором кардани ватанамон амалӣ намоянд».

 

Август 14, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд