Нуробод: шумораи ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ 122 адад зиёд гардидааст

Август 4, 2017 12:03

НУРОБОД, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод шумораи ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  122 адад зиёд гардидааст, ки онҳо дар  таъмини нақшаи  буҷети ноҳия саҳми намоён доранд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии раиси ноҳия бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма баён гардид.

Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода дар нишаст ҳамчунин иброз намуд, ки тибқи нақша барои корҳои сохтмону ободонӣ дар соли равон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 27 миллиону 696 ҳазору 122 сомонӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз дар ноҳия бо мақсади  корҳои сохтмонӣ 6 миллиону 815 ҳазору 672 сомонӣ  аз ҳисоби  Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун», як миллиону 815 ҳазору 602 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо ва 367 ҳазору 850 сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ аз худ гардидаанд.

 

Август 4, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид