Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш

Август 16, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.

Маркази мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як соли охир бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. Тибқи иттилои масъулин, феълан 25 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ дар ин коргоҳ соҳиби ҷои кор гардида, ҳамзамон гурӯҳи дигари ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот ҳамчунин ҳар се моҳ гурўҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурўши маҳсулоти ин марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст,  ки бо истифода аз ин имконот шаҳрвандони ноҳия метавонанд маҳсулоти хушсифати истеҳсолгарони ватаниро харидорӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, он бо шароити муосири  кориву касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори мазкур дар шафати Маркази таълимӣ — истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ Маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Ин марказ бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба шаҳрвандону меҳмонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат чунин иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонданд. Ҳамзамон ҳайати омӯзгорони марказро вазифадор карданд, ки тамоми маҳорати худро ба харҷ диҳанд, то занону духтарони бешуғли ноҳия тавонанд ба пуррагӣ аз нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ бохабар гарданд.

Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш 16.08.2017

Август 16, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд