ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳарорат дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон то 2 дараҷа баландтар мегардад
ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 18 август дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар то 2 дараҷа баландтар мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-4 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






