ОФАРИН! Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии наврасон дар Ҳиндустон соҳиби 6 медали тилло гардиданд

Август 2, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 31 июли соли 2017 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Олимпиадаи байналмилалии наврасон «InIMC 2017» аз фанни математика баргузор шуда, 4 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» хабар доданд, дар олимпиадаи мазкур хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В» миёни  довталабони 41 давлати дунё ба гирифтани 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон  1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал ва 2 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм шуданд.
Ғолибонро кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо», волидон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо гулу гулдастаҳо ботантана дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  истиқбол гирифтанд.
Дар маҷмӯъ хонандагони тоҷик аз аввали соли 2017 ба Ватан 119 медал (20 медали тилло, 40 медали нуқра, 59 медали биринҷӣ) овардаанд.

Август 2, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад