Оид ба ҷалби сармояҳои Чин ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Август 21, 2017 13:55

ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар     меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид,  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва беш аз сад нафар соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва туризм фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки  мақсади ҳамоиш-   инкишоф додани  алоқаи корӣ байни соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратӣ барои ҳамкории  тарафайн миёни Чин  ва Тоҷикистон дар бозорҳои ҳарду мамлакат, ҷалби  сармоя, технологияи муосир ва таҷҳизоти Чин ба Тоҷикистон мебошад. Ин тадбир барои пешбурди тиҷорат, бастани шартномаҳои  манфиатноки ҳамкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ  мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, гидроэнергетика, дорусозӣ, сайёҳӣ ва  минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни ҳамоиш байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва раёсати пешбурди савдои музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба   ҷалби сармояҳои Чин ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Август 21, 2017 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем