Ғолибони даври аввали «Дунёи меҳр» муайян гардиданд

Август 19, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 19.08.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Даври аввали Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» ба охир расид.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар даври аввали фестивал, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар баргузор гардид, 162 нафар хоҳишмандони аз 8 то 35-солаи нобино ё қувваи босираашон суст, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд, иштирок карда, 27 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бояд зикр намуд, ки даври  ниҳоии фестивал 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар  Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ мебошад.

Август 19, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд