Ҷонибдории қонуни миллӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ: мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардид. Қонуни мазкурро дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Фарҳод Раҳимӣ шарҳ дода, гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ва ҷонибдорӣ ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардуми кишварамон ва мушарраф гардидан ба зиндагии арзанда мебошад.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим, ки яке аз қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон мардуми Тоҷикистон бояд дастурхони маънавии хоксорона ороста, ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, зеро оростани хони пурнозу неъмат ва исрофкорӣ бар хилофи арзишҳои дини мубини Ислом буда, ҷомеаро ба табақаҳо ҷудо карда, яке аз сабабҳои дар арафаи иддайн боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ мегардад. Инчунин оростани хони хоксоронаю маънавӣ ба сарфа гардидани буҷети хонаводаҳо ва пос доштани рӯҳи гузаштагон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим аз ин ба баъд гузаронидани маъракаи ақиқа дар ҷумҳурӣ манъ гардида, минбаъд хатнасури бачаҳо дар доираи оила ва бидуни хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бо розигии волидайн аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии марбута ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад. Таъкид гардид, ки дар ин самт таҷрибаи бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон омӯхта шудааст.
Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ минбаъд дар ҷумҳурӣ маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешаванд. Дар моддаи 10-и қонун меъёре пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он волидайни домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати ҳарду ҷониб имкон доранд ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро барои беҳтар намудани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки моддаи 11 –и қонуни танзими анъана маросимҳои дафну азодориро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, ки тибқи тағйиру иловаҳо минбаъд дар Тоҷикистон маросимҳои дафну азодорӣ, бахусус се, чил ва сол бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар ин росто, бо мақсади ба низом даровардан ва гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда шуда, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои адои ҳаҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 боб ва 16 модда иборат буда,, онро Парлумони Тоҷикистон соли 2007 қабул намуд. Тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯрию баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия ва қабул гардидаанд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадами муассирест дар роҳи баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи анъанаҳои неки миллӣ.
Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва чоп гардидан дар нашрияҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон амалӣ мегардад.









ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






