Осорхонаи таърихии Ҳисор соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оинаи таърих» гардид

Август 1, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 1.08.2017. /АМИТ «Ховар»/.  31 июл дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор гардид.
Мақсади озмун баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат дар ободонӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо буда, ҳадафи асосии он такмили шаклу услубҳо ва ба талаботи замони истиқлол мутобиқ гардонидани фаъолияти осорхонаҳои мамлакат ва шиносоии ҳарчи бештари шаҳрвандон бо мероси пурарзиши ниёгон мебошад.
Озмуни осорхонаҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ду давр доир гардид.
Бояд гуфт, ки ғолибони даври ҷамъбастии озмуни «Оинаи таърих» аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Шоҳҷоизаи озмун насиби Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри бостонии Ҳисор гардид.
Ҳамчунин ҷойи аввал ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии «Авасто»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ду ҷойи дуюм ба осорхонаҳои ноҳияи Файзобод ва шаҳри  Истаравшан ва ҷойи сеюм ба Осорхонаи таърихиву кишваршиносии шаҳри  Конибодом дода шуд.
Ғолибони озмун инчунин бо мукофотпулӣ: Шоҳҷоиза- 2000 сомонӣ, ҷойи аввал- 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм- 750 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Август 1, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад