Пагоҳ конференсияи байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2017/АМИТ «Ховар»/. 29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» баргузор мегардад.
Тавре аз Институти мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи байналмилалии имсола ба мавзӯи «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар илм барои рушди устувор» бахшида шуда, дар бинои Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс меҳмонону олимон аз Германия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






