Палатаи ҳисоб 75,7 млн сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки дар натиҷа 6 нафар мансабдорон аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд
ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи 75,7 млн сомонӣ муайян карда шуд. Ин нуктаро имрӯз Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ба гуфтаи Раиси Палатаи ҳисоб, аз маблағи умумии зарари молиявӣ талафи воситаи пулию молӣ 16,4 млн.сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо 39,3 млн. сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 5,8 млн. сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2,6 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 11,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар нишаст зикр шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017 ба вазорату идораҳо ва корхонаҳои санҷидашуда тавсияву пешниҳодҳо ирсол намуд, ки аз натиҷаи баррасии он бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 69 қарору фармон қабул гардид. Барои содир намудани камбудиҳо нисбат ба 153 нафар шахси масъули ҳисоботдиҳанда муҷозоти маъмурию моддӣ татбиқ ва 6 нафар аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






