«Пасандоз» маърифати молиявии наврасонро боло мебарад

Август 9, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Федеративии Германия ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шарора»  ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявии наврасони синни 14-15 бозии таълимии ҷолиб таҳти унвони «Пасандоз» баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар бозӣ аз ҷониби мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба наврасон оид ба мавзӯъҳои «Зарурати дониши молиявӣ барои инсон» ва «Аҳамияти ташкили бозиҳои таълимӣ-молиявӣ барои кӯдакону наврасон» сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки машғулияти мазкур дар се марҳила (тарзи нақшакашии хароҷоти оила) гузаронида шуда, мутахассисон зимни бозӣ дар баробари омӯзиши афкори наврасон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, мафҳумҳои қарз, амонат, пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маълумот пешниҳод намуданд.

Август 9, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард